- пур
- I[پر]1. лаболаб анбошта, муқоб. холӣ, тиҳӣ; пур аз…, пури… лабрез: ҳавзчаи пур аз об; пур-пур ниҳоят пур, саршор, лабрез2. тамом, комил; моҳи пур моҳи шаби чордаҳ3. бисёр, афзун, зиёд; муқоб. кам4. маҷ. сер; серу пур бе камбудӣ, бо фаровонӣ; шикам пур кардан шикам сер кардан; шикам пур шудан сер шудан; пур кардан а) зарферо аз чизе лаболаб кардан, анбоштан; б) иҷро кардан (нақшаро); в) навиштан (саволномаро); г) фаро гирифтан, ишғол кардан; д) ҷои чизеро бо чизи дигар гирифтан, талофӣ кардан, иваз намудан; пур шудан (гаштан, гардидан) а) лаболаб шудан, ишғол карда шудан, фаро гирифта шудан (зарф бо об, хона бо дуд); б) ба анҷом расидан: як сол (моҳ, ҳафта) пур шуд; паймонаи (рӯзи) касе пур шуд умраш ба охир расид5. ҷузъи аввали калимаҳои мураккаб ба маънои бисёр, бисёрӣ, зиёдӣ: пургӯй сергап; пурдон бисёрдон, ботаҷриба; пуркор бисёркор; пуралам алами бисёр; дили касеро пур кардан касеро ба чизе бовар кунонидан, итминон додан; дил пур будан боварӣ доштан, эътимод доштан (ба касе, аз чизе); дилпур шудан боварӣ ҳосил кардан; бо даҳони пур, даҳон пур карда бо итминони тамом, бо ифтихор (гуфтан чизеро)II[پور]кит. писар
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.